БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад…

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Сино»  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир  гардид.

Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна кушода, доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  дар бораи  ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат дар масоили оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, соли 2018-2028» суханронӣ  намуд.

Инчунин, мавсуф  дар идома  моҳияти  озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ»,  ба иштирокдорон фаҳмонида аз онҳо барои иштирок дар озмунҳои номбурда даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg