![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/14.jpg?itok=8VnVG7-h)
ХУРОСОН. Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи «Ҷомӣ–28» Раҷабов Сафаралӣ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
Вохӯрии аввал бо интихобкунандагони ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ва вохӯрии дуюм бо интихобкунандагони ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳия бо иштироки зиёда аз 250 нафар интихобкунандагон, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва дигарон баргузор гардид.
Дар вохӯриҳо Раҷабов Сафаралӣро, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ҳамроҳӣ намуданд.
Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ҷомӣ-28” Раҷабов Сафаралӣ дар ноҳияи Хуросон идома дорад.