БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакили мардумӣ муроҷиати шаҳрвандонро ба инобат гирифта, мақомотҳои дахлдрро баҳри ҳалли мушкилоти онҳо вазифадор кард

А.ҶОМӢ. Тибқи дасуру супоришҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Ҷомӣ-28» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир гардид.

Дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоати деҳоти Яккатут ва Иттифоқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, доир ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфт.

Ба андешаи Сафаралӣ Раҷабов Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паёми имсола он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самараи нек дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо иштирокдорони ҷамъомад саволу ҷавоб доир гардид.

Баъд аз вохӯрӣ ба қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ зиёда аз даҳ нафар сокинони ноҳияро қабул карда, оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон мақомотҳои дахлдрро баҳри ҳалли мушкилоти онҳо вазифадор кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg