ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иқроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакнт дар ҷамоати деҳоти Гулистон хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Валиев Суҳроб дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан ронда, оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон ибрози андеша намуд.
Инчунин, дар ин раванд озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеҳои сайёҳӣ” тарғиб карда, ҳунармандони чирадастро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.