БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву ободонии мо барои ваҳдат ва муттаҳидии миллат аст!

ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, ҷавонон ва кормандон аз соҳаҳои гуногун дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вохӯри баргузор намуданд.

Дар ҷамъомади номбурда раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Ҳокимҷон, Садриддинов Бадриддин ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб  иштирок доштанд.

Дар вохӯрии мазкур нахуст Холиқов Ҳокимҷон  вакили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистидошта баромад намуда, кайд кард, ки ҷавонон бояд бо неруи пешбар ва кору фаъолияти хуби худ баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар, якдигарфаҳмию ваҳдат ва ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем ва ба эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҷавононро қувваи азиму пешбарандаи ҷамъият пиндоштаанд сазовор гардида, баҳри соҳибхираду соҳибкасб гардиданашон пайваста сайъу талош намоянд ва барои пешравии Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистон кӯшиш намоянд.

Сипас, Садриддинов Бадриддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, зикр намуд, ки чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонон қайд намуда буданд, ки истиқлолу озодӣ ба шумо ҷавонон бояд болу пар бахшида, минбаъд ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон бояд аз як гиребон сар бароварда даст ба дасти ҳам дода, меҳнати ҳалол кунанд, дониш омӯзанд ва ояндаи дурахшонро бунёд созанд, зеро, ки оянда аз они худи ҷавонон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg