БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даҳана деҳаи таърихии ноҳияи Ёвон аст

ЁВОН. Деҳаи Даҳана яке аз деҳаҳои таърихӣ ва мавзеъи сайёҳӣ  буда дар рӯйхати мавзеъҳои сайёҳии ноҳия сабт гардидааст. Деҳаи Даҳана  ба хотири он ҳамчун деҳаи сайёҳӣ қайд гардидааст, ки қадами  Амир Олимхон ба ин деҳа расида, ҳатто аз рӯйи ривоятҳо Амир Олимхон шабро дар масҷиди деҳаи мазкур рӯз намудааст.

Бо ин мақсад мардуми деҳа зимни баргузории суҳбату вохӯриҳо ташкилоти ибтидоии навбунёдро «Ориёӣ» номгузорӣ намуданд.  Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана  бо ташаббуси бевоситаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориёӣ» чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, иштироки фаъолона дар озмуну Аксияҳои ҳизбии «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Якҷоя ҳал мекунем!», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал» суханронӣ намуд. Ҳамзамон, Абдуллоева Саёҳат зимни баромади хеш оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, амалӣ намудани қонунҳои миллӣ андешаронӣ кард.

Дар охир аз ҷониби бонувони ҳунарманди деҳаи Даҳана  ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg