ДӮСТӢ. Бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Ҳокимҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳияи Дӯстӣ бо интихобкунандагони худ кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Ҳокимҷонро и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонзода Абдулҳафиз, муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебунисо ҳамроҳӣ намуда, дар ташкилоти номбурда бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба баррасии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Инчунин, Холиқов Ҳокимҷон зимни суханронӣ атрофи амалҳои террористию экстремистӣ, мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тиб, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон санаи 1 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин Қурбонзода Абдулҳафиз дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуда, кормандони соҳаи тиббро барои ҳифзи солимии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ бо ҷалби мутахассисон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад, раҳнамоӣ намуд.