![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180814_104244.jpg?itok=-4Y-aouH)
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Сафоруди ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов Гулонов Фирдавс иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созанандагию ободкорӣ, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони пешомад, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии миллии ҷавонон, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, онҳоро барои боз ҳам пешрафту ободтар шудани Тоҷикистони азиз ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.