БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъол гардонидани ҷавонон дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва пешгирӣ аз онҳо

ВОСЕЪ. Мувофиқи нақшаи кории намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Восеъ дар Коллеҷи тиббии ноҳия бо донишҷӯёни Коллеҷи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова оид ба  мубориза бурдан бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон суханронӣ намуда ёдовар шуд, ки боиси таассуф аст, ки миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар бемор гардида азият мекашанд ва ҳазорҳо ҷавонон дар ин роҳ ҷони худро бохтаанд.

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб равона намудааст.

Барои бештар сохтани таъсири муқовимат бо ин вабои аср моро зарур аст нахуст омилҳои онро мушаххас созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg