БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилон бо интихобкунандагон вохӯрии судманду хотирмон анҷом доданд

ДӮСТӢ. Аз тарафи  вакили  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Ҳокимҷон дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Нури Вахш”  бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ доир гардид.

Вакили   Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Ҳокимҷонро и.в. раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонзода Абдулҳафиз, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Шарифзода Зебунисо ҳамроҳӣ намуда, дар ҷамоати номбурда бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллт, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ   доир карда шуд.   

Холиқов Ҳокимҷон дар суханронии худ атрофи масъалаҳои номбурда  алалхусус амалҳои экстремистӣ ва террористии аъзои  ТТЭ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, ки барои халалдор сохтани сохти Конститутсионии Тоҷикистон  амалҳои нопоки худро равона сохтаанд,  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро бори дигар аз хавфу хатар ва амалҳои муғризонаи  ҳизбу ғурӯҳҳои ифротӣ огоҳ намуд.

Баъдан  Қурбонзода  Абдулҳафиз  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуда,  дар идома   моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҷамъомадагон фаҳмонид ва онҳоро барои дар амал татбиқ намудани  Аксияи номбурда ва иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg