ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Наврафтори ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия чорабинии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидааст, бо сокинони маҳал вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ буда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар мебошад.
Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ин иқдоми неки ояндасозро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, миннатдории хешро барои дастгирӣ ва аз нав эҳё кардани ҳунарҳои қадимаи миллӣ баён доштанд.