БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалишавии Аксияи ҳизбии “Мактаб даргоҳи маърифат” дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб-даргоҳи маърифат”, дастгирию кӯмак ба ятимону оилаҳои ниёзманд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 5 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ҷамоати деҳоти Навобод, ки аз оилаи ятимону оилаҳои ниёзманди ҷомеа буданд кӯмаки яквақтаинаи худро расонид.

Масъулин зимни супоридани туҳфаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, иброз дошт, ки солҳои охир дар кишварамон дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандон аз ҷониби соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд торафт ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

Мо низ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, кӯшиш менамоем, ки дар арафаи иду ҷашнҳо ба қадри имкон ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg