БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнат ба ватан, миллат ва дин гуноҳест нобахшиданӣ!

ВОКУНИШ.  Аз тариқи интернет боз як маҳзакаи хандаовару аблаҳона ва разилонаи хоинони Ватану миллатро дар шаҳри Варшава тамошо намуда, ба хулосае омадам, ки ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол оиди кирдору рафторҳои ин мусичаҳои «бегуноҳ» андешаҳоямро баён созам.

Бо гузашти ду даҳсола аз хатми ҷанги шаҳрванди воқеияти он рузҳо аз забони шоҳидони зинда фош шуда истодаанд. Масалан, эътирофоте, ки Айёмиддин Сатторов дар филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» кард, ҳеҷ далеле барои рад кардан надорад, зеро у аз ҷумлаи бунёдгузорони асосии ТТЭ ҲНИ-и мамнуъшуда аст ва аз тамоми гардишҳои фаъолияти он огаҳи дорад. Қабл аз ин Қиёмиддини Ғози низ ҳамингуна фошгуиҳо карда буд. Ин фошгуиҳои аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ аз он гувоҳи медиҳанд, ки ин ҳизби ба ном исломи ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию рушди Ватани азизамон набуд ва дар зери ниқоби ислом ба корҳои экстримистию терористи даст дошт.

Аъзоёни ин ҳизбӣ терористӣ ва гуруҳҳои ба онҳо наздик, яке аз чунин роҳҳои аз байн бурдани давлатдории тоҷиконро бо фирефта намудани мардум дар зери ниқоби дини мубини Ислом медиданд. Ҳамин тариқ, гуруҳҳои дар боло зикргардида бо супориши хоҷагони хориҷиашон ақидаҳои бегонаи дини-мазҳабиро бо арзишҳои милли махлут намуда, мехостанд, ки ҳадафҳои пушти пардаи дини ислом пинҳонкардаашонро ҳамчун ҳуввияти милли муаррифи карда Тоҷикистонро ба ҷониби торикию ҷаҳолат раҳсипор созанд. Аксарияти уламои огоҳ бар онанд, ки дар ислом ҳизб нест, балки ҳар касе эътиқод ба ягонагии Худованд ва рисолати Паёмбар дошта бошад, у худ узви ҳизби Худо аст.

     Аслан ин фошгуиҳо чизи нав нестанд, зеро барои мардуми шарифи кишвар ҳамааш ошкор аст, ки ҲНИ-и мамнуъшуда чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандози карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист?

Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дируз аз ҳам ҷудо буда, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, боз ба ҳам омада бе шармона аз номи ин миллат суханпардози намуда бо ном «Паймони милли» ташкил менамоянд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии Шумо «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард.? Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷгоҳ фирефтаи чунин дасисаҳо нахоҳанд шуд.

 Маҳмадаюб  Шарифзода – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи

 Қубодиён.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg