БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қасам хурдану чойи кабуд нӯшидан барои Кабирӣ яксон аст

ВОКУНИШ. Дар шариати ислом қасам хурдан ба номи Худо роиҷ  асту аз рӯи эҳтиром ва  иродаи  динӣ  халқи мусулмон ба китоби Қуръони азимушаън ба хотири покию ростгӯӣ ва эътимоду боварии тарафҳо қасам ёд мекунанд.

Қасам хурдани аҳли  муслимин ба андозае манзалат дорад, ки тамоми  инсу ҷинси заминию осмонӣ  ҳангоми ба забон овардани он ба ларза меояд.

Вале, мутассифона  амалкардаи роҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ қасам хурданро кори саҳлу содда ҳисобида ҳангоми мубоҳиса ба Раҳим Каримов-устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар долонҳои Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар Варшава барои садоқати худро назди тарафдорону ҳаводоронаш собит намудан ба ибораи тунди «занталоқи тоҷикӣ» қасам мехурад. Савол ба миён меояд, ки чаро Кабирӣ қасам хурданро ба номи Худое, ки офарандаи ин замину осмонҳост оғоз накардаву рисолати қасам хурданро бо шеваи тунди «занталоқи тоҷикӣ»пешниҳод мекунад?

Ин тарзи муносибати Муҳиддин Кабирӣ мусулмонӣ ва дар мазҳаби Имоми Аъзам буданашро зери усул мебарад.

Кабирӣ фикр мекунад, ки ба даст яроқ нагирифтани ӯ ҳама ҷиноятҳояшро мепӯшонад. Аммо воқеият ин тавр нест.

Мехостам аз гузаштаҳои ниёгонамон ба маълумоти Кабирию ҳаммаслакони «бегуноҳ»-аш расонам, ки мартабаи шумо ба мақому мартабаи шайпурнавози даврони шоҳаншоҳии қадим  баробар аст. Дарвоқеъ, шайпурнавоз ҳангоми ба муҳосира афтодан аз ҷониби муқобил пурсида мешавад, ки ман ба ҷуз  шайпур навохтан дар ҷанг яроқ ба даст нагирифтаам. Медонед,  дар ҳошияи баёни шайпурнавоз тарафи муқобил чӣ ҷавоб медиҳад! Яроқ нагирифтану наҷангидан далели бегуноҳии шайпурнавоз нест. Гуноҳи шайпурнавоз аз ҷангандаҳо дида зиёдтар аст. Зеро, бо як садо баровардани шайпур миллионҳо ҷангандаҳо дар сангарҳо ба ҳам дар меафтанд. Ба ин маъно, ки гуноҳи шайпурнавоз аз гуноҳи ҷангандаҳо дида зиёдтар асту кам не.

Гуноҳи шумо ҷаноби Кабирӣ аз тарафдорону ҳаммаслаконатон дида зиёдтар аст. Зеро, шумо бо идеологияи дуруғин дар ниқоби ислом сари бисёр ҷавонони бетаҷрибаро ба бод додед. Хонаи зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро бо роҳи тарғиби идеологияи тундгарои динӣ сӯзонидед ва бадбахтона тақдири имрӯзу ояндаи онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ номаълум аст.

Агар падарони маънавии шумою ҳавдорони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар оғози солҳои 90-ум яроқ ба даст намегирифтанд 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳодат намерасиду анқариб 9 миллион зиён ба хоҷагии халқи мамлакат ворид намегашт.

Аз будани шумою ҳаммаслаконатон чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҷуз тавтеаю хушунат ва шурандозию иғвогарӣ чизи дигареро интизор шудан нашояд. Ба монанди оне  ки дар ҷаласаи Созмони Амнияти Ҳамкроии Аврупо дар  Варшава ба ҳар роҳу восита дар муносибат ба комиссияи сатҳи ҳукуматӣ  маданияти баланди худу хамтоятонро ба намоиш гузоштед.  Ва, хушбахтона  ҳама  медонанд, ки нақшаи кашидаи шумою  тарафдоронатон ба хотири тарафи худ  гардонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо таҳррезӣ шуда буд.

Мутмаин бош, ки Тоҷикистон давлати навтаъсису эҳтиёҷманди солҳои 90-ум нест ва назари мардум низ дар муносибат ба ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ тағийр хурдааст. Аниқтараш, имрӯз мардум бадро аз нек, дурустро аз нодуруст, дӯстро аз душман фарқ мекунад. Ва ҷорзаниҳои шумою ҳавдоронатон назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дигар бемантиқу бефоида аст.

Алиҷон Асақолов-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg