БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо сокинони ноҳияи Ховалинг хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум мекунем!!!

ИЗҲОРОТ. Мо, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, сокинони ноҳияи Ховалинг  аз расонаҳои хабарӣ  огоҳ гардидем, ки дар ҷаласаи САҲА дар Варшава оид ба ҳуқуқи инсон бо сенарияи хоини миллату давлат, лаънаткардаи халқ Муҳиддин Кабирӣ, ки барои раҳоӣ аз ҷазои қатлу куштор, гуреза ва  бехонумон намудани мардум дар хориҷ панаҳ мебарад, мазҳакае ташкил карда шуд, ки барои  ӯ, думравон ва дигар наҳзатиён рӯсиёҳии навбатӣ аст.

Баъди анҷоми маҷлис намояндаи ТТЭ ҲНИ кӯшиши  гирифтани акси якҷоя ба собиқ мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторовро менамояд. Амали намояндагони  Тоҷикистон барои монеъ шудан ба аксбардорӣ боиси ҷангу ҷанҷол мегардад.          

Мо хуб медонем, ки роҳи Кабирии лаъин ва ҳаммаслаконаш  ба Ватан-Тоҷикистон, ки мардумаш дар фазои сулҳу субот зиндагии хушу хурсандона доранд, бастааст. Мегӯянд, ки “Кӯр асояшро як бор гум мекунад” Мардуми ноогоҳи мо як бор ба доми ҳиллаю найранги ин гуна афроди ватанфурӯш  афтода, аз хонаю дар, аз фарзандон ва наздикони худ халос шуданд ва то  имрӯз доғу дарди ҷанги хонумонсӯзе, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ ба сари мардум бор намуданду худ давлату сарват ғундоштанд, аз хотирҳо фармӯш нашудааст.

Мо рафтори намояндагони Тоҷикистонро писандида ва мақбул меҳисобем. Зеро онҳо аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номуси ватандорӣ ба  буҳтонгару дурӯғбофи ин ҳизби террористӣ даст ба гиребон шудаанд.

Халқе, ки баъди аз сар гузаронидани азоби гӯшношуниди ҷанги шаҳрвандӣ, аз даст додани зану фарзанд, хешу ақрабо ва хонаву дар ба чунин рӯзҳои пурсаодат расидааст, ба ав–ави шумо барин душманони халқ ҳеҷ гоҳ гӯш намедиҳанд. 

Имрӯз мо дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як тан мутаҳидем. Дӯстии халқҳо ва сулҳу салоҳи дар кишвар бударо дигар ягон ҳизбу ҳаракат халалдор карда наметавонад. Онро мо бо қиммати ҷон ҳифз мекунем!!!

     Аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg