БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Сунатулло, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Қурбонов Абдурашид, муҳосиби Кумитаи иҷроия Ҷамолиддини Маҳмадшариф дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳристон»-и деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ гузарониданд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» буда, баромадкунандагон оид ба якҷоя ҳал кардани мушкилоте, ки дар маҳаллаҳо ҷой доранд ва ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Инчунин, масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар  Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg