БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳимояи дастовардҳои пурарзиши замони соҳибистиқлолии кишвар вазифаи мост!

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Гулрухсор Сафарова бо сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ Сабурзода Насим ба сухан баромада, иброз дошт, ки истиқлолияти давлатӣ баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тамаддунофари тоҷик овардааст. Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон  дар байни мамолики ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Сабурзода Насим дар фарҷоми суханрониаш иброз дошт, ки дар ҷараёни татбиқи ҳадафҳои созанда Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи начандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуда ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Сафарова Гулрухсор дар рафти чорабинӣ оид ба дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ муфассал баромад намуда, қайд кард, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ин дар амал татбиқ гардидани се ҳадафи стратегии давлат таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg