БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз вакили мардумӣ ба саволҳои хеш ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд

ХУРОСОН. Дар толори Кохи «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ Раҷабова Лутфия бо роҳбарони сохторҳои маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар интихобкунандагон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Пеш аз баргузории вохӯрӣ иштирокчиёни чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳия шинос гардиданд.

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ Раҷабова Лутфия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва муовини раиси ноҳияи Хуросон Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло иштирок  дошта, оид ба  масъалаҳои номбурда суханронӣ намуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ   интихобкунандагон  ба  вакили мардумӣ саволу  дархостҳо пешниҳод карданд, ки  онҳо ба дархосут саволҳои хеш  ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg