БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби дорои мавқеи устувор ва обрӯи баланд дар ҷомеа

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии «Осоишгоҳи Насим» вохӯрии навбатии раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  Алиҷон Назаров бо ҳизбиёни  ин ташкилот  гузаронида шуд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон  дар назди ҳозирин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ –экстремистӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, тоза нигоҳ доштани гирду атрофи бино, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқ дар даврони истиқлолият зери сиёсат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар бораи озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ саҳм гузоштанд дар Аксияи номбурда даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg