БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муаррифгари таърих ва муқаддасоти миллат аст

КУШОНИЁН. Бо сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти навбаҳор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроия вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни суханронӣ  Сатторова Мунаввара қайд кард, ки дар руҳияи ҷавонон  тақвият додани ҳунармандӣ,  созандагиву бунёдкорӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби онҳо дар обод кардани  давлати азизамон-Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ирода ва пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Занони ҳунарманди ин деҳа чанд намуди пухтани хӯрокҳои миллиро нишон доданд, ки аз кадбонугӣ ва ҳунари олии зани тоҷик дарак медод.

Дар баробари андешарони Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg