БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилон дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии ҳизбӣ фаъолона иштирок карда истодаанд

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  дар   маҳаллаи  20- солагии Истиқлолияти  ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо мақсади  самаранок ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита  бо маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда, қайд  кард, ки чуноне, ки  аз  воситаҳои  ахбори  омма  ҳамаи  мо  аз  ҳодисаи  нангини  дар  ноҳияи  Данғара  ба  вуқӯъомада, ки  боиси  марги  сайёҳони  хориҷӣ  гардид  ва намоиши  телевизонии  «Бозгашт  аз ҷаҳаннам» бо  назардошти  иқрори   яке  аз  саркардагони ТТЭ  ҲНИ Аёмиддин  Сатторов огоҳ  шудем, душманони  миллат, бахусус  гурӯҳи  муташаккили  ҷинояткор  бо  дастури ТТЭ ҲНИ  ба  амал  оварда шудааст.   Тоҷикистони  азизи  мо   аз  баракати   сиёсати  созандаю  бунёдкоронаи  Асосгузорои  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарм  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  марҳилаи  нави  тарақкиёти  худ- таҳким  ва  густариши  беш  аз  пеши  дастовардҳои  сиёсиву  иқтисодӣ ва  иҷтимоиву  фарҳангӣ  бо  ин  васила  бунёди ҷомеаи  навини  воқеан  демокративу ҳуқуқбунёд ва  дунявӣ дохил  шудааст.   Инчунин, дар  вохӯри  вакили  Маҷлиси   вакилони  халқи  ноҳия   Н.Холмуродов    иштирок  ва  баромад  намуд

Бахшида  ба  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ,     амалӣ  намудани  озмунҳои   ҳизбӣ   ва  баргузории  Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбии  таҳти унвони «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  намоиши  ҳунарҳои  мардумии  маҳсули  дасти  сокинони   маҳалла  ва  маҳсулоти  кишоварзӣ ба намоиш  гузошта  шуда,  аз  ҷониби  иштирокдорон баҳои  сазовор  дода  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg