БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувони ҳунарманд ба озмуни ҳизбӣ даъват гардиданд

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи мазкур тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  ва раиси ҷамоати деҳоти Балхобӣ Л. Холова иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Зимнан Гулсунблӣ Раҷабова дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм,  амалҳои коррупсионӣ ҳамчун  зуҳуроти хатарзо дар ҷомеаи муосир андешаронӣ намуд.

 Мавсуф  дар идомаи суҳбат аз занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки онҳо маҳорати хуби ҳунармандӣ доранд, ба озмунҳои ҳизбии «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва «Тарроҳи беҳтарин» даъват намуд.

 Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, попурӣ, давридӯзӣ, қуроқу гулдӯӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg