![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180912_104058.jpg?itok=_8B1Q6WK)
ЁВОН. Дар деҳаи Бош-Қайнари ҷамоати деҳоти Норин аслан мардуми ӯзбекзабон зиндагонӣ ва иқомат мекунанд, ки занони ҳунарманди ин мавзеъ бо ҳунарҳои волои худ дар миқёси ноҳия ва берун аз он шинохта шудаанд. Дирӯз дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Бош- Қайнари ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Кишоварз» дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Аксияи таблиғотӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ба сухан баромада, мардуми деҳаи Бош-Қайнарро ба муносибати ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан-Модар, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.