![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/viber%20image%D0%BB%D0%BB.jpg?itok=cLbNBuvz)
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Лоларухи ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои хурди ҳунаромӯзӣ барои аҳолии маҳал ба ҳамин восита таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҷинояту ҷонояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, суханронӣ намуда, зимнан иброз дошт, ки ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда буда, шахси ҳунарманд ҳамеша комёбу муваффақ аст.
Ба роҳ мондани омӯзиши иловагии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавонону наврасон умри фарҳанги миллиро дароз карда, ҳамзамон барои мустақилияти иқтисодии онҳо омили муҳим мегардад.