БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Чорчашма ва Шағмони ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳалаҳои ноҳияи Балҷувон аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротиву тундрав баргузор гардид.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф оид ба мавзӯъҳои болозикр баромад намуда, маорифчиёнро баҳри баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ ва сиёсиву фарҳангии мардум, алалхусус ҷавонону наврасон, дар замири онҳо ҷо намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои хатарноки асри нав- терроризму экстремизм ва маҳкум намудани амалӣ ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонон дар хусуси ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара андешаронӣ намуд.