БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва аз байн нарафтани он талош меварзанд

ВОСЕЪ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбияи намудани шаҳрвандон, ҷавонону наврасон дар деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Зимни мулоқот бо сокинон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова қайд намуд, ки тоҷикон, чунонки аз таърих маълум аст, мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард.

Ҳамзамон, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Сафархони Муҳаббат иброз намуд, ки агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷодии мо сухан меравад ва он ҳама то замони мо омада расидаанд. Аз ин бармеояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Аз ин лиҳоз ҳамаи моро зарур аст, ки ҳунарҳои аҷдодиро аз нав эҳё намуда, баҳри ободӣ, оромиию осудагии ҷомеа ва шукуфии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg