БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташрифи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нохияи Вахш

ВАХШ. Бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018- ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати ташкил намудани вохўрии машваратию дастурдиҳии вакилон дар толори муассисаи таҳсилот и миёнаи умумии   №56-и ноҳияи Вахш бо роҳбарони соҳаҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, Раҷабова Латофат  ва Миралиён Қиёмиддин,  инчунин раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  иштирок  намуда, оид ба сару либоси миллӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», волоияти қонун дар бораи истироҳат ва сайёҳат гуфта гузаштанд.

Инчунин, иброз намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, барои ривоҷу равнақ додани соҳаи басо муҳим маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg