БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони сохторҳои маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо интихобкунандагони  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, доктори илмҳои математика Раҷабова Лутфия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Холиқов Хокимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва  муовини раиси ноҳия Абусаломзода Анзурат иштирок доштанд.

Вакилони  мардумӣ дар назди интихобкунандагон оид ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Холиқов Хокимҷон шунида шуд, ки дар он зиёда аз 480 нафар интихобкунандагон фаъолона иштирок дошта, ба вакилони мардумӣ саволу дархостҳои   хешро пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg