Ҷ.БАЛХӢ. Дар ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷайҳун №33 Сабурзода Мирзодавлат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва муовини раиси ноҳия Абусаломзода Анзурат иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ бо интихобкунандагони ноҳия Сабурзода Мирзодавлат оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷайҳун №33 Холиқов Хокимҷон баррасӣ гардид, ки дар он зиёда аз 70 нафар интихобкунандагон фаъолона иштирок доштанд.