БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватанамонро аз нохалафони беватани наҳзатӣ ҳифз менамоем!

ВОКУНИШ. Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо аз забони шоҳидони  зинда шунида мешавад, ки аз сӯи собиқ маъсулони ташкилоти терористӣ экстремистӣ ҳизби наҳзат боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд ташкил кунанд. Пайваста  тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик борони туҳматҳо мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои  бемаврид ва бемазмун менамоянд. Ин шахсон, хусусан ифротгароён дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломиро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба суи терроризм ва экстремизм ҷалб кардан мехоҳанд.

Аммо ҳастанд фарзандони бо ору номуси миллати тоҷик монанди Саидов Мурод, ки ҳарчанд аз кишвар берун ҳастанд, вале дар ҳимояи Ватан-модар ҳамеша омода ҳастанд, ки пеши роҳи хоиноне, ки  мехоҳанд шаъну шарафи моро паст кунанд гиранд. Бо  ифтихор метавон гуфт, ки миллати тоҷик чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он ҳимоятгарони бо нангу номус дорад.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом чун ҳар ташкилоти дигари террористӣ экстремистӣ ҳадафи дар Тоҷикистон ба сари қудрат расиданашро дошт. Аҷиб ин аст, ки ҳамин наҳзатиён мехоҳанд ҳамеша ваҳму тарсро ба сари миллати мо  таҳмил кунанд.

Аммо сулҳу ваҳдат ин орзуву омоли кули ҷавонони кишвар  аст, мо ҷавонон намегузорем, ки чунин нохалафон боз дубора ба сари халқи мо мақсадҳои ғаразноки худро амали созанд.

Мо ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинем ва Тоҷикистони биҳиштосои худро инчунин сулҳу ваҳдати онро ҳамчун гавҳарарки чашм аз нохалафони беватан ҳифз менамоем.

Раҷабализода Парвиз Сафарбой, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg