БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тафриқаҳои нави наҳзатиён давоми саҳнаҳои лухтакбозии онҳост

ВОКУНИШ. Тавре аз  расонаҳои хабарии омма огаҳ шудем, дар пойтахти Лаҳистон Варшава Анҷумани ҳуқуқи башари САҲА- Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо иштироки аъзоёни ин созмон баргузор гардид. Намояндагони  ҳукумати Тоҷикистон  низ дар баробари дигар намояндагони давлатҳои аъзои ин созмон дар Анҷуман иштирок намуданд, ҳамзамон фаъолони  мухолифини ҳукумати кишвар низ ширкат доштанд. Бо мақсади иғвогарӣ дар кори Анҷуман як гурўҳи ҷавонони  мухолифин бо шиорҳои тафриқомез «Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ» баромад намуда, бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон даст ба гиребон шуданд, ки дар натиҷа боиси задухўрди ду тараф гардид. Баъд аз омўзиш муайян шуд, мақсаду мароми ин гурўҳи ҷавонон бо бозидани ин саҳна барандохтани тафриқа буда,  дар содир шудани ин ҳодиса намояндагони Тоҷикистонро  гунаҳкор шуморидан асту, номи  кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст задан асту халос.

Иҷрои ин амалҳо  бо кашидани нақшаи иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” мебошад. Ин иттиҳод аз тарафи 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд таъсис дода шудааст.  Ин моҷарои Варшава, ки иҷрокунандагони ин саҳна ҷавонони сустақидаву гумроҳгардида ва бо маблағи калон харидашуда мебошанд, бо нақшаи таҳрезишудаи ин иттиҳоди бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» буд. Ин наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонидааст, ради маърака шуда,  ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон, ки ҳадафашон ноором кардани фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳиистиқлолд  мебошад,  барои ҷомеаи солимфикр нодаркор гаштанд. Ин намоиши тақаллубӣ бори дигар собит намуд, ки  ин ҳизбро – ҳизби наҳзат ҳам номидан  мумкин нест. Онҳо танҳо як гурўҳи одамони нохалаф ва қаллобони мардуфиреб ҳастанд. Бо содир намудани амалҳои гуногуни террористӣ, аз ҷумла ҳодисаи дар шоҳроҳи Кулоб-Душанбе бо  сайёҳони хориҷӣ содиркардаашон наҳзатиҳо рўйи аслии худро ба тамоми мардуми башар нишон доданд.

Наҳзатиёни хоин бо ин амалҳои нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу эмонӣ дар вуҷудашон нест, агарчанде дар Тоҷикистон таваллуд шуда ба воя расиданду модари тоҷикро модар гуфтану сухан намуданро аз ў ёд гирифтаанд.  Куҷост он мусулмонӣ ва мусулмонгарӣ, ки шумо худро  аз он мешуморед?

Ҳизбиёни ноҳия мисли тамоми мардуми Точикистон ин амалҳои нангинро сахт маҳкум менамоянд. Мо ба онҳо лаънат хонда, ҳама гуна  амалҳояшонро куллан маҳкум менамоем.

Дигар ҷавонон ба дассисаву дуруғу фиреби ин хоинон дода намешаванд. Ҷавонони худогоҳи Ватан бо ақлу заковат ва идроки инсонӣ роҳи дурустро интихоб намуда, зери роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Савари мардумпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи қуллаҳои мурод  барои  сулҳу суботи ягона Ватани азизамон Тоҷикистон диловарона қадам монда, дар ҳифзи марзу бум ва истиқлолияти кишвари азизамон  омода мешаванд.

Каримҷон Файзиев- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg