БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Талвосаи ҷонкании даррандаҳои захмдори наҳзатӣ

ВОКУНИШ. Худо раҳмат кунад арвоҳи Аҳмадшои Масъуд – сипоҳсолори авғонро, ки барои миллаташ, бисёр хуб гуфтааст: «Барои ҳаётии моддӣ ҳама чиз метавонад дошт: об, нон, маскан. Вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шуд, агар истиқлоли мо нобуд шуд, дар он сурат ин зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт». Оё Муҳиддин Кабирӣ, ки ба қавли худ олим ҳаст, ҳатто унвони докторӣ ҳам доранд, оё ҳамин андешаи Аҳмадшоҳи сипоҳсолорро фаҳмида натавонист! Як бор сари андеша истода ақаллан аз худат напурсидӣ, ки ту ба ин халқу кишвар чи хизмате кардӣ? Ҳизби таҳмилиатро аз ҳама боло донистӣ. Гумон мекунам, ҳалқаи ғуломӣ, ки дар гардан дореду пулу пайсаи зиёдро, ки дар тӯли солҳо аз ҳисоби хоҷагони хориҷиат ҳам хӯрдаӣ ва ҳам захира кардаӣ, туро барои фикр кардан намегузоранд.

Ман фикр мекунам, ки ту Кабирӣ, аз чунин ҳизбкуниҳоят сахт пушаймон ҳам шудаӣ, лекин дигар чора надорӣ. Аз касофатии чунин ҳизбкуниат ҳатто дар ҷанозаи очаҷонат иштирок накардӣ, ки ҳайфи ту барин доктори илм!

Ин гуноҳат камӣ кард, ки аз тариқи каналҳои зархарид барномаҳои махсус ташкил карда, ба сӯи Президенти ҳақиқатан мардумии Тоҷиикистон ва давлатдории мо санги маломат мепартоӣ. Як мақоли тезу тунди тоҷикӣ ҳаст: «Саг меҷакаду раҳаки ба раҳаш меравад» . Халқи бору бономуси мо бо сарвари азизаш Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба сӯи ояндаи нек гом мезананд. Шумоён ав-ав кардан гиред. Акнун ба хотири шумоён хоинони миллат сухани собиқ Президенти Академияи илмҳои кишвари Украина Борис Паттонро меорам, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳои воқеӣ дода, гуфта буданд:

         «… Бо Президенти Шумо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доштам. Андешаҳои он кас маро дар ҳайрат оварданд. Ман он касро одами навин меҳисобам.

Он кас ниҳоят хирадманду ҷасуранд. Ба қувваии илму маориф эътимоди қавӣ доранд. Давлатдориро бидуни қудрати илму дониши замони нав тасаввур карда наметавонанд. Бузургтарин хизмати он кас сулҳ ва ваҳдати миллиро таъмин кардан мебошад. Ҳамин аст, ки имрӯз миллати Шумо хушбахтона ба сӯи ояндаи нек қадам мезанад». 

         Саволе ба миён меояд, ки чаро бегонаҳо пешрафту нумуи кишвари Тоҷикистонро таҳти роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинанд; эътироф мекунанд, шумоён тоҷикони зархаридшуда дида наметавонед.

         Фирдавсии покнажод хуб гуфтааст:

                           Ба нопокзода надоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.

         Акнун хуб дониста бошед ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба шумоён нопокзодаҳо, мисли Кабирию, Назарзодаю Додою дигар кавданҳоятон хеҷ эътимод надоранд.

         Мавлоно Ҷомӣ ҳам бисёр хуб фармуда, ки

Асли кас аз кас набошад кам, чу ҷумла з-одаманд,

Лек ҳар кас ҷавҳари илм аст, вологавҳар аст.

         Афсус, ки шумоён асл нашудед, шояд ҷавҳари илм шудед, валлоҳ, ки вологавҳари миллат нашудед. Барои  ҳамин ба нопокзода ва бадасл умед нахоҳем баст.

         Акнун дар охи боз як назари доктори афғон Муҳаммадюсуфро манзури хонандаи азаз мегардонам, ки моро ҳушдор додаанд:

         «… Бадхоҳони миллатро ҳамон хоҷагонашон ҳам то охир бовар намекунанд, барои он, ки онҳо миллат ва истиклолияти давлаташонро мефурӯшанд ва барояшон ягон муқаддасоти арзиишманде ба ғайр аз пулу мансаб дигар чизе вуҷуд надорад».

         Акнун дониста бошед, ки мо мардуми Тоҷикиистон ба номи пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад ва дар ҳама лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти барои халқу Ватан, то ҷон дар рамақ дорем, бо ӯ ҳастем, бо ӯ мемонем ва бо ӯ хоҳем монд. Намегузорем, ки шумо бадхоҳони бегонапараст дуввумбора Ватани бо боҳои ҷон ба низом даровардаамонро ба майдони ҷанг табдил диҳед.

         Ҳаргиз!

Акрам Маҷидзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg