ВОКУНИШ. Шукри он Худое, ки ба мо тоҷикон чунин сарвари оқилу доно, ба миллати ҷафопешаи мо Истиқлолияти давлатӣ, ҷумҳурии мустақилро насиб дид.
Чашми курдилон аз муваффақияту дастовардҳои миллати куҳанбунёди тоҷик сахт сих мезанад. Рашкашон ба он омадааст, ки тоҷикону Тоҷикистонро тамоми мардуми дунё мешиносад. Ба сухани сарвари оқилу донояш гуш медиҳад. Тоҷики асил ватанашро дуст медорад, баҳри ободии Ватани азизаш кушиши зиёде ба харҷ медиҳад, аз тоҷик будан ва дар ин кишвари биҳиштосо зиндагӣ кардан мояи ифтихор мекунад. Аммо ҳастанд лаънаткардаҳои халқ, ки худро тоҷику ватандор ҳисобида, тоҷику Тоҷикистонро санг мезананд, барои ватан ба ғайр аз сафедро сиёҳ гуфтан, хиштеро болои хиште намондааст. Аз бозе, ки ҳизби маъншудаи наҳзати ислом арзи ҳастӣ кард, аз номи муқаддаси ислом ба халқ даҳшат, кулфат, террор, ноамнӣ, ноободӣ, вайронкорӣ, ғасби молу мулки халқу давлат, сиёҳкорӣ дигар кореро дар ҷумҳурӣ ва берун дар он накардааст. Худро ҳомии миллат шуморидан ва миллатро як бор ба гирдобӣ нобудӣ расонидани ин ҳизби бадхоҳ аз ёди халқ берун нарафтааст. Худо ба мо мардуми азияткашида, ба дунёи аҳли мардуми тоҷик баъди ҳазорсолаҳо ин марди ҷасуру далер, худодод, дурандеш, ободкор, дар асл тоҷики ҳақиқӣ Эмомал Раҳмонро сарвар доду моро аз ин вартаи бало бо розигии Худо озод кард. Мо шоҳиди зиндаи он воқеаҳои нангини солҳои навадуми асри гузашта будем. Чи тавр мактабҳою корхонаҳои давлатиро ғорат кардан, кашида гирифтани молу мулки халқ, беҳокимиятӣ, беҳуқуқии халқ, бесаводии худро соҳиби ислом, давлат шуморида касеро, ки ба онҳо ситорааш маъқул набуд, мекуштанд.
Миллат, халқ аз Худо як илтиҷо дошт, кай сулҳ мешуда бошад, кай аз ин вартаи маразҳо халос мешуда бошад, кай шиками халқ аз нон сер мешуда бошад, кай қонун амал мекарда бошад, кай дар ватани бобои худ озод гашта мегашта бошад? Худои мутаол ба дарди мардум ин марди худоро сарвар дод. Намояндагони собиқ ҳизби террористии наҳзати ислом як бор аз худ, роҳбарони худ савол намедода бошанд, ки барои чи дар лаҳзаҳои душвортарини миллат роҳбариро ба душ нагирифтанд? Имрўз, ки Тоҷикистон як гўшаи биҳишти дунё гаштааст, ватанхоҳӣ мекунанд? Халқи тоҷик хурду бузург Сарвари худро дўст медоранд, ба қадри меҳнаташ мерасанд, зарур шавад барои ў ҷон медиҳанд.
Эй наҳзатиҳои лаин як бор мард шавед,монед, ки тоҷик зиндагии шоистаи худро пеш барад.Шуморо халқ интихоб накард, аз шумо ҳазар дорад. Мо шоҳиди ҳолем, ки чӣ тавр шумо сари дасти мардумро гирифта қасам медодед, ки ба ҳизби наҳзат овоз диҳанд, вале ягон нафар аз қасам ва таҳдиди шумо натарсид, зиндагии худро ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид.Шумо, ки зархариди хоҷагони хориҷии худ мебошед, халқ сафедро аз сиёҳ фарқ мекунад.Аз хориҷа истода халқу давлатро сиёҳ мекунад. Шумо набудед, ки баъди ин қадар разилию пастиатон сайёҳони хориҷиро дар таърихи 29 июл дар ноҳияи Данғара бераҳмона куштед. Мақсадатон бисёр сиёҳ, ниятатон хело бад рафторатон шайтонӣ. Фикр кардед, ки бо ин рафтори нопоки худ обурўи Тоҷикистон махсусан сарвари онро паст мезанед, тоҷикро ба зону мешинонед. Не, ҳеҷгоҳ не, миллати сарбаланди тоҷик барои ин кирдори разилонаи шумо ба ҳафт пушти шумо лаънат хонда, аз Худои мутаол талаб карданд, ки худо шуморо шарманда, беватан, сарбурида дар ғарибӣ сагвор бимуред. Таърих ёд надорад, ки тоҷики меҳнатдўсту меҳмоннавози тоҷик меҳмонро ваҳшиёна бикушад, аммо шумо ин корро кардед. Ба лаънати халқ дучор шудед. Ҳоло бошад ба назди хоҷагони худ чи дар Эрон бошад, чи дар Лаҳистон ба назди ташкилотҳои байналмилалӣ рафта худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, халқи тоҷик миллати худро туҳмату буҳсон зада истодаед. Агар мардед, агар ватану миллатро дуст медоред, биёед ҷойҳои ноободро обод кунед.
Мо ба шумо лаънат хонда, ҳамонқ адар зичтар дар атрофи сардори давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид шуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қуввату ғайрати худро дареғ намедорем.
Мо ватанамонро, Пешвои миллатамон-Эмомалӣ Раҳмонро дўст медорем, сиёсаташонроро пурра дастгирӣ мекунем.