БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнаткорон ҳамеша шармандаи давру замонанд!

ВОКУНИШ. Нисбати  муноқишаи рўзи дуюми нишасти Созмони Амнияти ва ҳамкории Аврупо дар Варшава миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик  гуфтани ҳастем, ки шахси хиёнаткор ба ватан ба ҳарҷо, ки қадами худро  гузорад,  алббата бо як дасисаю найранг коре мекунанд, ки як муноқиша  ё ҷангу даъво ва ба оромии сиёсии мо норомиҳоро ворид гардонад.

Бинобар ин, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  як рукни умеди ҷомеи ҷаҳонро баҳри хуқуқу озодиҳо ва ҳуқуқи башарро риоя мекунанд, нагузоранд, ки чунин  нохалафону нобакорон ба ҳадафи нопоки худ бирасанд, дар ҷомеъа обуруву нуфуз пайдо кунанду як миллатро парокандаву ба арсаи нести баранд.

Мо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Балҷувон дар он назарем, ки мо пеш аз ҳама фирефтаи гуфтору амалҳои ин гурўҳҳои мухолифин намегардем, балки ба ҳамаи гуфтору рафтори онҳо бо назари воқъбинона баҳои дар корӣ медиҳем.

Дар навбати худ мо аъзои ташкилоти мазкур аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба оянда бо назари нек нигарему саодатмандии рўзгору амнияти  кишвари азизамонро ҳифз намуда, дар бунёдкориву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузорем.

Қайд кардан зарур аст, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як нерўи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷомъа меҳисобанд.Аз ин рў умеди миллату давлат, ки ба мо, ҷавонон аст, пайваста кўшиш менамойем, ки мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизмро  шиори ҳаррўзаи ҳар як ҷавон гардонем.

Инро шароити мураккаб ва печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо ҷавонон бо таври қотеъ талаб менамояд.

Аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Балҷувон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg