БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасисаи навбатии ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем!

ВОКУНИШ. Мо, вакилони ноҳияи Балҷувон аз тариқи расонаҳои  иттилоотӣ оид ба  муносибати байни намояндаи Тоҷикистон-мушовири сафири Точикистон дар Берлин Саидзода Мурод дар нишасти САҲА дар Варшава бо яке аз мухолифин шинос гардидем.

Тавре мо огаҳӣ  дорем, намояндагони мухолифин  қаблан ҳам тавассути шахсони ҷудогона дар шаклҳои гуногун норозигии худро нисбат ба намояндагони мақомоти расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байён дошта буданд. Муноқишаи навбатӣ дар Варшава бори дигар аз он башорат медиҳад, ки намояндагони мухолифин  ҳоло ҳам  бо истифода аз усулҳои куҳна мехоҳанд  мақомотҳои қонунии Тоҷикистонро бадном созанд.

Аммо, равшан аст, ки  халқи тоҷик ва дигар тоҷикистониён ба фаъолияти ҲНИТ хело хуб шинос ҳастанд ва амалҳои охирини онҳоро, ки мақсадашон аз табаддулотӣ давлатӣ иборат буд, хуб дар ёд доранд. Акнун  мардуми Тоҷикистон аз он фоҷиаҳои хунбор, ки ҲНИТ ба сари халқ оварда буд, хулосаи худро баровардааст ва ҳеҷ гоҳ фирефтаю дасисаҳои  ин ватанфурўшон  намегарданд. Гузашта аз ин, халқи тоҷик таъкидҳои Пешвои миллат дар бораи ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надодан пайваста сармашқи фаъолияти худ менамоянд.

Аз муносибати ду нафар  иѓво бардоштани аҳли мухолифин  ишора бар он аст, ки онҳо барои бадном кардани намояндаи Тоҷикистон аз ягон фиребу найранг рўй намегардонанд ва ба қавле «Аз пашша фил месозанд».

Мо, вакилони ноҳияи Балҷувон боварии комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин  иѓвои навбати баҳои сазовор медиҳанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи  дасисабозон  намешаванд , баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азиз сайю кўшиш менамоянд.  

Вакилони ноҳияи Балҷувон

Файзигул Маҷидова, Гулмаҳмадзода Замир, Шаъмигул Соҳибова

Шамсулло Аҳадов, Саидхон  Ғозиев.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg