БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Агар онҳо ватандӯст мешуданд дар Тоҷикистон зиндагию фаъолият мекарданд

ВОКУНИШ. Баъди ҳодисаи 29. 07. 2018, ки бо сайёҳони хориҷӣ рух дод, нафрати тамоми сокинони Тоҷикистонро ба ҳизби наҳзати ислом ба вуҷуд овард. Бинед, ки ин қотилон ҳоло ҳам аз куштору ваҳшоният сер нашудаанд. Бешармию беҳайёии ҳизби наҳзати ислом бахусус раиси он Муҳиддин Кабириро бинед, ки аз хориҷи кишвар истода, барои доғдор кардани давлату Ҳукумати Тоҷикистон чи корҳоеро намекунанд. Муҳиддин Кабирӣ аз мақсади давлати исломи кардани Тоҷикистон ҳоло ҳам даст накашидааст.

Дар Варшава намояндаи  сагони озодандеш бошад, ё  наҳзатиёни хунхор бо туҳмату буҳтонҳои худ ба намояндаи Тоҷикистон Мушовири сафири Тоҷикистон дар Берлин Саидзода Мурод чунон таъсири расониданд, ки аз ин марди ватандусту ватанпарвар, тоҷики асил якчанд мушти обдор хурданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон нӯҳ миллион одамон зиндаги мекунанд ва ман мутмаинам, ки ҳамаи аҳоли Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Пешвои миллатро дастгири менамоянд. Мо ҳар рӯз дар деҳаю маҳаллаҳо бо сокинон вохури гузаронида фикру мақсади онҳоро фаҳмида мегирем ва дида истодаем, ки тамоми мардуми шарифи тоҷик ва Тоҷикистонӣ сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатро тарафдори менамоянд. Мо дар як қишлоқи дурдасти ноҳияи М. С. А. Ҳамадони бо муйсафеди 86 сола, ки номаш Ҳоҷи Боқи ном дошт вохурдем, ки он кас гуфтанд, ки барои амну амони кишвар, барои сулҳу ваҳдати Тоҷикистон ва барои Президенти кишвар Эмомали Раҳмон ҳар рӯз ду ракат намоз мехонам, то ки он кас доимо сиҳату саломат бошанду соябони сари мо бошанд. Агар Ҳукумати советӣ садсолаҳои дигар арзи ҳасти менамуд ва мо дар он зиндагони мекардем ин қадар пешравию ободкориҳое, ки дар давоми 27 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омада дар он рух намедод. Наход як муйсафеди 86 сола ҳамаи ин муваффақияту пешравии Тоҷикистонро эҳсосу дарк кунаду наҳзатиҳои қотилу сагони озодандеш не. Дар ҳақиқат ҳизби наҳзати ислом, сагони озодандеш ва гуруҳи 24 инҳо одамони бахил, ҳасуд ва шайтонҳои разиланд, ки барои ба сари ҳокимият омадан аз ягон кори бад даст намекашанд, аз куштору ваҳшоният саркарда, то дуруғу туҳмат кардан. Агар онҳо ватандустони асил мешуданд дар Тоҷикистон зиндагию фаъолият мекарданд. Шукри ин ватани биҳиштосо, шукри сулҳу субот, амну амонӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз карда, бо хешу таборону пайвандонашон якҷоя зиндаги мекарданд. Онҳо манфиатҳои миллии моро намебинанду дарк намекунанд, фақат дар фикри ба кадом роҳу василае набошад фикри ғасби ҳукуматро карда истодаанд, ки ҳеҷгоҳ ба мақсадашон намерасанд.

Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар н. Ҳамадонӣ С. Шарифзода

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg