БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ТЭТ ҲНИ – ГУМРОҲУ ҶИНОЯТКОРОН ВА РАЗИЛОНИ ЗАМОН

ВОКУНИШ. Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин  ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои ҷиноии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ  ба ҳисоб меравад.

Амали ваҳшиёнаву ғайриинсонии анҷомдодашудаи гуруҳҳои террористиро саннаи 29 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ки боиси ҳалокати 4 нафар ва ҷароҳати вазнини ҷисмонии 2 нафар сайёҳони хориҷӣ гашт, боиси андуҳи баланди халқи меҳмоннавози Тоҷикистон гардид.

Ҷинояткорон маҳз ҳамон нафароне ҳастанд, ки пайи манфиатҳои шахсӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноку разилонаи гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла гӯруҳи террористии ба ном ДИИШ ва аъзоёни ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба ҷони сайёҳони хориҷӣ анҷом дода ва бо ин амали ғаразноки худ мехостанд, ки эътибор ва  нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ коҳиш диҳанд.

Шаҳрвандон хусусан ҷавонони моро лозим аст, ки аз чунин амалҳо сабақҳои бузург гирифта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷумла ТЭТ ҲНИ нагарданд. Зеро террорист Ватан, Миллат ва динну мазҳаб надорад.

Ҳамзамон иштирок намудани М. Кабирӣ ва ҳамаслаконаш дар конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша тайи рӯзҳои охир ҷиҳати пуштибони аз амалҳо ва кирдорҳои разилонаи худ ва муаррифии Тоҷикистон ба сифати давлате, ки дар он  ҳифзи арзишҳои ҳуқуқи инсон, мавҷудияти демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпеша дида намешавад, баромад намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои иттилоотиро роҳандозӣ намудаистодаанд.  Бо ин амали худ мехоҳанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ муаррифи намуда, бо ҳамин васила бозиҳои сиёсиро роҳандозӣ ва пиёда намоянд, аммо фаромӯш насозанд, ки халқи тоҷик сабақи хуби таърихиеро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба худ гирифтааст ва дар ин росто бар пояи давлат устуворанд.

Аз ин рў, роҳи ягонаи наҷоти М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба мисли Сатторов Аёмиддин аз карда пушаймон шудан, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида, ба Ватан баргашта, ба меҳнати ҳалол шуғл варзидан мебошад.  Ҳеҷ ягон аҳду паймон аз номи миллати тоҷик бастану дар атрофи худ гирд овардани гурӯҳҳои гуногуне, ки барномаи фаъолият ва мароми онҳо мухолиф ба барнома ва фаъолияти наҳзатиҳост наметавонад онҳоро ба мақсадҳои ғаразнокашон, ки дар пайи он манфиатҳо нуҳуфтааст расонад.

Каримов Пирмуҳаммад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Данғара, вакили ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg