БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқат ба Ватан мароми мо ҷавонони саодатманди диёр аст

ЁВОН. Таҳти ҳамин унвон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллоева, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Солиҳов Маҳмадрасул, директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории Спид Алифов Ҷаҳонбек ва мудири шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон ва наврасони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра иштирок намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.

Баргузории чунин вохӯриҳо тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg