БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ПАЙДАРПАЙ ВА МАНТИҚАН ХАТОИ СИЁСИИ ТЭТ ҲНИ ВА ҲАМАСЛАКОНАШ ДАР ВАРШАВАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин  ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад.

Ба муносибати таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ ташкили чорабинӣ ва миёни чор гурӯҳ  ТЭТ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз номи миллати тоҷик бастани “Паймони миллии Тоҷикистон” ва иштироку суханрони намудани роҳбарон, аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ҷумла  М.Кабирӣ ва ҳамаслаконаш дар конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша, ки ҳар сол бо ибтикори САҲА баргузор мегардад, тайи рӯзҳои охир ҷиҳати пуштибони аз амалҳо ва кирдорҳои разилонаи худ ва муаррифии Тоҷикистон ба сифати давлате, ки дар он  ҳифзи арзишҳои ҳуқуқи инсон, мавҷудияти демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпеша дида намешавад, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои иттилоотиро роҳандозӣ намудаистодаанд.  Бо ин амали худ мехоҳанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ муаррифи намуда, бо ҳамин васила бозиҳои сиёсиро роҳандозӣ ва пиёда намоянд, аммо фаромӯш насозанд, ки халқи тоҷик сабақи хуби таърихиеро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба худ гирифтааст ва дар ин росто бар пояи давлат устуворанд.

Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кушиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин  пиёда намоянд.

Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандози намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад.        

Аз ин рў, роҳи ягонаи наҷоти роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш ба мисли Сатторов Аёмиддин аз карда пушаймон шудан, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида, ба Ватан баргашта, ба меҳнати ҳалол шуғл варзидан мебошад.  Ҳеҷ ягон аҳду паймон аз номи миллати тоҷик бастану дар атрофи худ гирд овардани гурӯҳҳои гуногуне, ки барномаи фаъолият ва мароми онҳо мухолиф ба барнома ва фаъолияти наҳзатиҳост наметавонад онҳоро ба мақсадҳои ғаразнокашон, ки дар пайи он манфиатҳо нуҳуфтааст расонад.

        Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg