БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар рӯ ба рӯи хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ хомӯш истодан гуноҳ аст.

ВОКУНИШ. Душман барои бадном намудани рақиби худ аз одитарин имконият истифода менамояд. Агар далели бардурӯғ наёфт ба думи сагат эрод мегирад, ки он каҷ аст.

Чунин тӯҳматҳои бофтаю сохта ва эродгириҳо нисбати давлату миллати тоҷик имрӯз дар фаъолияти сарварони фирории ТЭТ ҲНИ, ки барои раҳоӣ аз ҷазо дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бисёр ба мушоҳида мерасад.

Гарчанде имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар ин ҳизбро чун ҳизби террористӣ мешиносанд ва саркардагони онро дар нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта айбдор медонанд, онҳо пайваста мекӯшанд, ки худро бегуноҳ нишон диҳанд.

Оё ҳақиқатро пинҳон доштан мумкин аст? Имрӯз як – ду не, садҳо нафарони ба доми фиребу найранги Кабирӣ афтода аз карда пушаймон гардида, дар бораи амалҳои мудҳиши сарварони ин  ҳизб ҳақиқати ҳолро баён медоранд.

Кӯштори олимон, донишмандон ва ходимони давлатӣ, ки бо супориши хоҷагони хориҷӣ ва бо дасти қотилони ин ҳизб барои бадном намудани давлати Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.

Гуноҳи сарварони ТЭТ ҲНИ нобахшиданист. Мо ба ҳар як амали ноҷавонмардона ва хоинонаи онҳо ба мисли амали намояндагони Тоҷикистон, ки баъди маҷлиси ОБСЕ дар Варшава нисбати намояндаи ин ҳизби хунхор ва мардумкуш раво дида шуд, рафтор менамоем.

Агар намояндагони Тоҷикистон хомӯш меистоданд намояндаи ТЭТ ҲНИ барои паҳн намудани тӯҳмату бӯҳтон аксҳои зиёд бардошта, онҳоро бо зернавиштҳои бардурӯғ дар тамоми дунё паҳн менамуданд. Баъди ин шояд мегуфтанд, ки собиқ мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов таҳти фишор баромад намуда, сирри ниҳонии ҲНИ-ро ошкор сохтааст.

Аз ин рӯ дар ин ҳолат хомӯш истодани намояндагони Тоҷикистон гуноҳи азим ба ҳисоб мерафт.  Мо  рафтори намояндагони Тоҷикистонро  амали писандида меҳисобем.

  Ҷ.Одинаев-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии № 12.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg