БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРДА АЗ РӮИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТА ШУД

ВОКУНИШ. Истиқлолият ин неъмати бузурге ҳаст, ки баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Дар фазои амну субот имрӯзҳо мардум бо шукргузорӣ даст ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ зада, бо як ифтихори баланди ватандорӣ барои рушду нумуъ ёфтани Ватани худ, ки номаш – Тоҷикистон аст, саҳмгузорӣ карда истодаанд.

Аммо, имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгаро – монанди ТЭТ ҲНИ бо аъзову ҷонибдорони худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро  пиёда намуда, осоишу амнияти моро халалдор созанд ва моро боз ба ҳамон ҳолати солҳои 90-ум баргардонанд.

Асоси ин гуфтаҳо шоҳиди ҳол Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва ё Мавлавӣ Аёмиддин мебошад, ки яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) чанде пеш дар наворе, ки  бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” пахш шуд, бори дигар хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро ҷиҳати тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ фош сохт. Парда аз рӯи душманони миллат бардошта шуд. Мавсуф он чунон амалҳои ин палидон ва душманони миллатро возеҳу ошкоро ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, дигар наҳзатиҳо намедонад, ки сари худро аз шарм дар куҷо андозанд ва даъвои дардашонро аз кадом ҷой пайдо кунанд.

Албатта, аксари сокинони кишвар мусалмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард ва динро воситаи пешбарандаи барномаи худ қарор дод. Маҳз бо ин роҳу восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебурд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқаангезӣ манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард.

Бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ, мутаасифона, боз баъзе ношукроне ҳастанд, ки ба қадри осоишу ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназири даврони навини давлати Тоҷикистон намерасанд. Дар ин бобат гӯё Мавлонои Балхӣ барои имрӯзи ҳамдиёрону ҳаммиллатон худ гуфта бошад, ки:

Зиҳӣ дарё, ки андар вай ҳама ғарқанду ҳайронанд,

Чу моҳӣ зиндаи дарёву дарёро намедонанд.

Дар чунин ваъияти зудтағийрёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз асли хеш бохабар бошанду ва ба фиребу дассисаҳои иғвоангезонаи чунин гурӯҳҳои терроритӣ дода нашаванд ва ҳамагӣ нерӯи худро танҳо ва танҳо баҳри таҳкимбахшии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.

Қурбонзода Наргис- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg