ВОКУНИШ. Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, ки чанде пеш саркардагони ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов, ки дар Аврупо панаҳ мебаранд, дар ҷаласаи ОБСЕ дар Варшава байни худ аз номи Ҳизби наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки ба он номҳои назарфиребона гузоштаанд, дар бораи таъсиси иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” созишнома ба имзо расониданд.
Ин амали хоинони миллат талвосаи ҷонкании дарандаи захмдорро мемонад. Онҳо ба ҳар роҳе набошад мекӯшанд, ки садди роҳи зиндагии хушбахтонаи мардум гарданд. Вале ҳама кӯшишҳои онҳо барбод меравад ва тирашон хок мехӯрад.
То ҳодисаҳои солҳои 2015 наҳзатиёни лаънаткардаи халқ роҳи пинҳонкориро пеш гирифта, мақсади аслии худро аз ҳама пинҳон медоштанд.
Гоҳо надониста аз забони баъзе раисони ҲНИ дар ноҳия мақсади аслии ин ҳизб ошкор мешуд ва барои ин сухани ноҷо аз сарвар танбеҳ мешунид.
Баъди ба таври расмӣ ба қайд гирифтани ҲНИ дар ҷумҳурӣ раиси онвақтаи ин ташкилот дар ноҳияи Ховалинг М.Қараев ба назди раиси ноҳия барои ҷудо намудани утоқи корӣ медарояд. Раис аз ӯ мақсади ниҳоии ин ҳизбро мепурсад. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки мақсади Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон барпо намудани давлати исломист. Вақте ки ин сухан ба Муҳиддин Кабирӣ мерасад (он вақт ӯ муовини раиси ҲНИ буд) ба таври худнамоӣ супориш медиҳад, ки М.Қараевро аз вазифа сабукдуш намоянд. Вале ин супориш барои хок пошидан ба чашми мардум буд. Имрӯз ба касе пинҳон нест, ки ин наҳзатиён чи нияту мақсади нопок доштанд. Ва ахиран симои аслии онҳо баъди ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 – кӯшиши табадулоти давлатӣ бо роҳбарии хоини миллат Ҳоҷӣ Ҳалим ва куштори сайёҳон дар роҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба мардум ба таври рӯшан кушода шуд.
Имрӯз, ки онҳо роҳи бозгашт ба Ватанро надоранд, мекӯшанд, худро сафед ва бегуноҳ нишон дода, бо кадом роҳе набошад давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ доғдор намоянд. Ба Кабирӣ ва думравонаш таъкид намуда гуфтанием, ки дар ин лаҳзаҳо суханони пандомӯзи мардумро ба ёд биёранд, ки фармудаанд: “Деги сиёҳ ҳеҷ гоҳ ба шустан сафед намешавад”
Дар ахбор мутолиа намудем, ки дар ҷаласаи дар Варшава доиршуда намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши аъзои ҲНИ – ро, ки мехост ба собиқ аъзои ТЭТ ҲНИ Айёмиддин Сатторов акс бардорад, пешгирӣ намуда, ба рӯи ӯ як шапот мезанад.
Мо ҳизбиёни ноҳияи Ховалинг аз ин амали намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ хеле қаноатмандем ва ин рафтори ӯро мепазирем, онро нишони ҷавонмардӣ, ҳиси баланди ватандӯстию ватандорӣ меҳисобем. Агар ӯ ин амалро пешгирӣ наменамуд, боз аз тарафи роҳбарони ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ дар расонаҳо суханҳои зиёди бардурӯғ паҳн карда мешуд.
Аҳрорзода Гулбарг- муовини раиси ноҳия Ховалинг, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №2.