БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асолатгумкардаҳои наҳзатӣ

ВОКУНИШ. Муаллифи матолиб Азим Ваҳҳоб дар сомонаи «Паём.нет» ҳангоми ироаи баёнаш натиҷаи ҷаласаи Варшаваро ҳамчун намунаи барҷастаи мавқеъгирии мухолифин истиқбол карда, афзалияти онҳоро дар мисоли ҳайати ҳукуматӣ дар баррасии масъалаҳои муҳокимашаванда дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо  то ҷое васф низ кардааст.

Дар дигар ҷо бо тамасхур нисбати «сюрприз»-и ҳайати ҳукуматӣ ибрози андеша намуда, собиқ мухолифинро, ки парда аз рӯи асолатгумкардаҳои наҳзатӣ бардоштаву дар ин ҷаласа ба ҳайси шоҳиди зинда иштирок доштанд, онҳоро ба «пирамард»-у  надонистани забони баргузории ҷаласа санги маломат задааст, ки ин амали эшон аз нуқтаи назари равонӣ ба фарҳанги миллии мардуми мо рост наомада,  бозингари сиёсӣ  ва худпараст будани муаллифро ифшо месозад.

Ин таҳлилгар ба дасти Айёмуддин Сатторов додани варақро  то ҷое таърифу тавсиф карда, набудани таркиби ҳуқуквайронкуниро дар амали ҷавони асолатбохта  Сулаймони Орзу инкор менамояд. Вале ба андешаи мо додани варақи тарғиботӣ ва аккосӣ бо Айёмуддин Сатторов метавонист сабабгори моҷарои нав ва ҷорзаниҳои ҳаводорони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегардид, ки хушбахтона ҳайати комиссияи ҳукуматӣ аз ин рафтори разилонаи мухолифин ҷилавгирӣ намуданд.

Ҷаноби Азим Ваҳҳоб аз зумраи мухолифини сарсахти миллату давлати Тоҷикистон аз ин имконияти таърихӣ истифода бурданро рисолати ҷонибдорони ҳизби наҳзати исломӣ дониста, ба қавле гаштани деворро ба тарафи худ қобили қабул медонад. Ба фикри муаллиф танҳо дипломатияи сиёсиро ҳайати мухолифин медонанду халос.

Айёмуддин Сатторовро бо оғӯши гарм пешвоз гирифтану  дар долону роҳравҳои ҷойи баргузории ҷаласа баробари эшон давидану афтидани ду-се ҷавони асолатбохта на ба хотири инсондӯстии мухолифин буду ҳаст. Онҳо зери коса нимкосаеро пинҳон сохтан мехостанд, ки ин амалашон аз бетаҷрибагии сиёсӣ дарди сарашон шуд.

Ба ақидаи ғолиб, агар  мақсади разилонаашон мавриди амал қарор мегирифт, шояд хоинони наҳзатӣ бо гирифтани бренд ва маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ дар ягон тарабхонаи Аврупо бо шеваи рақси охундӣ  рақсидаву дилхушӣ мекарданд.

Муаллифи матолиб нашармида аз тавсияи мухолифони ҳукумат доир ба «қазияи байни тоҷик» (муштзурии тарафҳои дар ҷаласа иштироккунанда) ба мақомоти дахлдор шикоят накардани аъзои комиссияи ҳукуматӣ  ибрози андеша намуда, фаромӯш сохтани ҳодисаи мазкурро аз забони мухолифин тарғиб менамояд. Аммо бо ақли солим фаромӯш сохтани ин ҳодиса ҳеҷ имкон надорад, зеро  ин амалро мухолифин ба манфиати худ ҳатман истифода мебурданд.

Табиист, ки мақомоти баландпояи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо баъди омӯзишу назарсанҷӣ ба фарзияи моҷарои мухолифин бовар карда, ба ҷойи ин нохалафон аз ҳайати комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон узр пурсид.

Шарматон бод ба ном ватандӯстон! Шумо хоинон дар фикри  ободоии Ватан нестед, ки нестед!

Он «сюрприз»-е, ки шумо ҷаноби Азим Ваҳҳоб  ва ҳаммаслаконатон аз комиссияи ҳукуматӣ интизор будед онро бо амалҳои ноҷавонмардонаатон шармандавор барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур сохтед. Ва роҳи ҳалле, ки шумо пешниҳод ва ҳадафгузорӣ мекунед ба андешаи мо набудани шумою ҳавдорони ҳизби наҳзати исломӣ дар фазои сиёсии кишвар аст, ки мардум аз ин ба хушӣ истиқбол мекунанд. 

Аҳмадхон Дӯстов-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg