![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180903_140900.jpg?itok=B9twkObL)
ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» ва бобати сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон андешаронӣ намуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол буда, дар ихтиёри худ 75 нафар аъзо дорад.