Ш.ШОҲИН. Бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки кормандони масъули ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ «Ҳифзи муҳити зист» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Сунатулоева Мавзуна хониши сиёсиро кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили об ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуд.
Баъдан масъулин дар бораи терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, кормандони соҳаро барои софдилона фаъолият намудан дар вазифаи хизматӣ баҳри ҳифзи муҳити зист ва ҳар қатра оби поку мусаффои Ватан раҳнамоӣ намуданд.