БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шифоёбии маризон аз муомилаи хуби табибон аст!

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтори госпиталӣ »-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки солимии ҷомеа  аз  фаъолияти пурсамари  кормандони соҳа  вобастагии калон дорад ва  шифоёбии маризон аз муомилаи хуби табибон  сарчашма мегирад.

Дар охир чанде аз иштирокдорон оид ба масъалаҳои номбурда фикру мулоҳизаҳои хешро  баён дошта, иброз намуданд, ки мо кормандони соҳаи тиб дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат дар самти соҳаи тандурустӣ бармеоянд, сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода,  дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  талош хоҳем варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg