БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон шукри номат мекунем…

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Деҳдарозак бо  сокинону ҷавонон  ва фаъолони ҳизб   вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва чорабини бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   баргузор карда шуда,  ҳунармандони деҳаи мазкур  маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд.

Нахуст, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  Ҳошимов Абдураҳим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иқрори яке аз саркардагони амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки рӯзҳои наздик тариқи шабакаҳои телевизионӣ бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» пахш карда шуд,   суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро бори дигар аз амалҳои ТТЭ ҲНИ  ҳушдор дод.

Дар охир чанде аз сокинон  барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ба  унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия ариза пешниҳод намуда буданд,  ки онҳо  бо хушнудӣ  ба сафи ҳизб пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg