А.ҶОМӢ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чашмасор»-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсиро дар доираи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор намуданд.
Дар назди ҷамъомадагон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо ва аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, дар идомаи хониши сиёсӣ масъулин моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал, «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Тарроҳи бехтарин», ки бештари сокинони деҳаи номбурдаро шахсони хайрхоҳу боору номус ва занону бонувони ҳунарманду чирадаст ташкил медиҳанд, фаҳмонида, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи мазкур даъват карданд.