БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба мардум фаҳмонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии «ҶДММ Баҳор»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре, ки аз суҳбат бо кормандони “ҶДММ Баҳор” маълум гашт, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мардумро водор сохтааст, ки бештар ба корҳои хонагӣ таваҷҷуҳ намоянд, чунки бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуна корҳо аз пардохти андоз озод буда, ба сарчашмаи даромади иловагӣ табдил ёфтаанд.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ андешаронӣ карда, дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро  ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg