ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Тоҷикистон» вохӯрии судманд оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидзода Фарҳод доир гардид.
Зимни баромади худ Обидзода Фарҳод қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши бузург мебозад. Қонуни мазкур маҳсули хиради волои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавобгӯи масъалаҳои муҳими рӯз аст.
Имрӯзҳо дар баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон масъулият ҳис намуда, ин ҳамкории муфид боиси баланд гардидани сатҳи дониш ва тарбияи намунавии хонандагон гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”.
Мавсуф дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт.